даромадан

даромадан
[درامدن]
1. ба дарун омадан, дохил шудан, ворид шудан: ба хона даромадан, ба шаҳр даромадан, ба деҳа даромадан
2. қабул шудан, таъйин шудан (ба ягон кор): ба хизмат даромадан; ба кор даромадан а) қабул шудан ба коре, таъйин шудан ба ягон вазифа; б) кор кардан, ба амалиёти худ шурӯъ кардан (-и ягон дастгоҳ): корхонаи чинисозӣ ба кор даромад; ба ҳизбе (созмоне) даромадан гуфт. қабул шудан, узви созмоне шудан
3. сар кардан, шурӯъ кардан; ба коре иқдом кардан; даромади шаб фаро расидани шаб, шаб шудан; ба гап даромадан гап сар кардан; ба дард даромадан ба дард сар кардани ягон узв, дард кардан; ба тухм даромадан ба тухм кардан шурӯъ кардан (-и мурғ); ба ҳосил даромадан ба ҳосил додан шурӯъ кардан, бор овардан (-и дарахт); ақли касе даромадан боақлу фаросат шудан, оқилу мефаҳмидагӣ шудани касе; ба гапи касе даромадан мувофиқи гуфтаи касе амал кардан; насиҳати касеро ба эътибор гирифтан; ба гӯши касе надаромадани чизе майли шунидани чизеро надоштани касе; ба киса даромадан моли касе шудан, ба дасти касе гузаштани пул; ба мобайни (миёни) касе даромадан а) дахолат кардан ба корҳои касе; б) восита шудан, миёнҷӣ шудан; ба никоҳи касе даромадан ба шавҳар расидан, бо касе издивоҷ кардани зане; ба роҳ даромадан, қатора ба роҳ даромад; ба синни… даромадан ба синни… расидан; ба хоби касе даромадан касеро дар хоб дидан, касеро хоб дидан; ба қиёфаи касе даромадан шаклу шамоили касеро ба худ гирифтан, худро ба намуди касе тағйир додан; кайк даромадан ба либоси касе бесаранҷом шудан, ба изтироб афтодани касе; пеш даромадан пеш гузаштан, ба пеш ҷой гирифтан, сабқат гирифтан

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Поможем написать курсовую

Смотреть что такое "даромадан" в других словарях:

  • даст — [دست] 1. узви бадани инсон аз шона то нӯги ангуштон; каф ва панҷаи даст, яд 2. маҷ. ҷавр, бедод, тааддӣ: аз дасти замона 3. сӯй, тараф, ҷониб: дасти рост, дасти чап 4. дафъа, карат, бор; навбат (дар қиморбозӣ) 5. нум. маҷмӯи чизҳои якҷинса, ки… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • қадам — [قدم] а 1. пой, андозаи пой аз сарангушт то пошна 2. фосилаи байни ду пой вақти роҳ рафтан, гом (ҳамчун воҳиди паймоиш) 3. қадаммонӣ, роҳгардӣ, роҳравӣ; бо қадамҳои дилпурона, бо қадамҳои калон калон, бо қадамҳои қатъӣ, бо қадамҳои оҳиста, бо… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • сухан — [سخن] гап, калом, гуфтор; сухани бемаънӣ сухани бемағз; сухани обдор гапи таъсирбахш, гапи фасеҳу балеғ; сухани охирин а) сухани баъди ҳамаи гапҳо гуфтаи касе; б) сухани баъди музокира ва фикррониҳо эродкардаи соҳиби маърӯза; сухани подарҳаво… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • ҷунбиш — [جنبش] 1. ҳаракат, аз ҷое ба ҷое шудан, ҷунбидан, ба ҳаракат даромадан: ҷунбиши одам, ҷунбиши шохҳои дарахт 2. маҷ. кор, шуғл; ҷунбиши рӯзгор; ҷунбиш додан ҷунбонидан, ҳаракат додан; ҷунбиш кардан ба ҳаракат даромадан; ҷунбиш хӯрдан (якбора)… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • афтодан — (афтидан) [افتادن // افتيدن] 1. аз боло ба поин бо зарб омадан, ғалтидан; суқут кардан 2. аз по даромадан, хобидан (ба сабаби беморӣ, мондагӣ ва ғ.) 3. поин шудан, овезон гаштан, кашол шудан 4. рехтан, боридан 5. ҳамчун ҷузъи таркибии феълҳои… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • зер — [زير] 1. таги ҳар чиз, таҳт, поён; муқоб. боло; зери… поёни…, таги…; аз зери… аз таги… 2. қисмати поёнии чизе, поин: дар зер, дар зери варақ, дар зери расм; ба зери… а) ба таги…; дар поини…; б) дар дами…; дар зери… а) дар таги…; дар поини…; б)… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • қабза — I [قبضه] а 1. он миқдор чиз, ки дар як мушт меғунҷад, чизе, ки дар байни панҷаи даст ҷо мешавад, даста; як қабза коғаз, як қабза алаф (гул) 2. даст, панҷа; ба қабзаи касе даромадан ба дасти касе даромадан, ба тасарруфи касе даромадан; қабза… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • бор — I [بار] 1. асоси замони ҳозира аз боридан 2. ҷузъи пасини калимаҳои мураккаб ба маънии боранда, резанда, пошанда ва маънои зиёдии чизе: мушкбор, нурбор, ашкбор, рӯдбор, дарёбор, ҷӯйбор ва ғ. II [بار] 1. он чи ба дӯш ё пушти инсон, чорпо ё болои… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • гап — [گپ] 1. сухан, калом, гуфтор; гуфтугӯ 2. сухани беасос, лоф 3. маҷ., лаҳҷ. гаштак; гап гап а) гуфтугӯ, чақ чақ, сӯҳбат; б) гапҳои беҳуда, овозаҳои ҳархела, миш миш дар ҳаққи касе (чизе); гапи беҳуда сухани пуч, гапи бемаънӣ; гапи беҷо ҳарфи… …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • гардидан — [گرديدن] 1. давр задан, чархидан 2. гаштан, роҳ рафтан; гардиш кардан, аз ҷое ба ҷое рафтан 3. аз ҳоле ба ҳоле даромадан, тағйир ёфтан 4. шудан; роҳӣ гардидан ба роҳ даромадан, равона шудан; гардидани фалак ба коми касе киноя аз омад кардани кори …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ


Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»